ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон Саидзода Бахтиёрро бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон сабукдӯш намуд. Раисҷумҳури кишвар ҳамчунин Раҳимзода Давлатмандро бо сабаби расидан ба синни ниҳоӣ дар вазифаи судя, аз мақоми судяи суди вилояти Хатлон озод намуд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон инчунин Шавкат Бобозодаро аз мақоми вазири саноат ва технологияҳои нав барканор карда, Заробиддин Файзуллозодаро ба ҷои ӯ таъйин намуд. Файзуллозода, ки аз моҳи августи соли 2017 дар мақоми раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон фаъолият мекард, дар мақоми наваш имрӯз муаррифӣ гардид.
Шавкат Бобозодаи 56-сола дар мақоми вазири саноат ва технология аз моҳи ноябри соли 2013 фаъолият кардааст.
Файзуллозодаи 54-сола, зодаи ноҳияи Данғара, хатмкардаи институти политехникии Тошканд мебошад, ки аз соли 2006 то 2013 муовини вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон баъдан муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нав, ноиби раиси вилояти Суғд ва сардори Саридораи геология кор кардааст.