Соли 2019 корхонаҳои нави тавлиди тилло ва ҷавоҳирот фаъол мешаванд

© Sputnik / Марк Редькин / Гузариш ба медиабонкЗолото
Золото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, дар назар аст, ки соли равон дар кишвар 2 корхонаи нави саноатӣ фаъол шавад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, соли равон корхонаи нави саноатӣ - ҶДММ  “ТЕВА Душанбе саноати кӯҳӣ” фаъол мегардад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Маъдани Тоҷикистон ба чанд миллиард ба хориҷа фурӯхта шуд, ки Президентро нигарон кард?

Манбаъ афзуд, ки корхонаи мазкур ба истеҳсоли тилло дар заминаи кони “Кумарғи боло”-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд машғул хоҳад шуд.

 ҶСК “Равшан”, корхонаи ҷадиди дигарест, ки ба иттилои Вазорат ба истеҳсоли  маҳсулоти заргарӣ ва ҷавоҳирот дар шаҳри  Душанбе машғул мегардад.

Нақшаи ташкили корхонаҳои тавлиди тилло ва ҷавоҳирот дар ҳолест, ки истеҳсоли металҳои қиматбаҳо соли 2018 дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои Вазорати саноат, ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2018 нисбати хамин давраи соли пешӣ, 116,9%,  нуқра 145,1%, хокаи мис 1,4 маротиба, хокаи сурма 109% ва сурмаи металлӣ 132,7 %-ро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0