Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як марди душанбегӣ, баъди азхудкунии "Мерседес"- марди дигар

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯ моҳи декабри соли 2018 аз марди 37-солаи сокини кӯчаи Шамсӣ бо роҳи фиреб автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро гирифта, фурӯхта маблағашро ба манфиати худаш истифода кардааст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Душанбе алайҳи як мард барои азхуд кардани мошини гаронбаҳои нафари дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бино бар иттилои ВУД, ба ШВКД дар ноҳияи Сомонӣ бо ариза марди 38-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт  муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи вай, ки моҳи декабри соли 2018 марди 37-солаи сокини кӯчаи Шамсӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 950.000-сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтаааст.  Сипас автомашинаро фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0