Вазир саҳмгузории Бонки ҷаҳониро дар ҳифзи ёдгориҳои Тоҷикистон баррасӣ кард

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузариш ба медиабонкКрепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото
Крепость Хулбук в городе Курган-Тюбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ободонӣ ва нигаҳдошти ёдгориҳои таърихии кишварро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар мулоқоти Орумбекзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва нигоҳдошти чор ёдгории таърихӣ баррасӣ гардид.

Церемония присвоения очередных званий сотрудникам милиции - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди либоси нави милиса ба Раҳмон ва тағйири ном ба политсия

Барои ободонии мавзеи табиӣ-бостонии “Чилучорчашма", ёдгории меъмории “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун масъалаи сохтмони меҳмонхонаҳо, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ пешниҳодҳо сурат гирифтанд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, таъкид гардид, ки мавзеъҳои мазкур метавонанд чун мавзеъҳои сайёҳии байналмилалӣ муаррифӣ гарданд.

“Инчунин дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар мавриди дурнамои рушди муносибатҳо дар соҳаи тармиму таъмири ёдгориҳои беназири таърихӣ, воридоти технологияи муосир, сохтмони биноҳо ва осорхонаҳои кишвар бо сабки замонавӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии кишвар барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мубодилаи афкор намуданд”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати фарҳанг.

Ба ҳайати Бонки ҷаҳонӣ - Андреа ДаллОлио, иқтисодчии пешбари бахши молияи Бонки Ҷаҳонӣ,  Татяна Сегал, мутахассиси иҷроиши амалиёт, Раҳа Шаҳид, сармутахассиси кор бо лоиҳаҳо ва бахши хусусӣ ва Ҷон Колйер, сармутахассиси масъалаҳои ҳифзи муҳити зист шомил будаанд.

Лентаи хабарҳо
0