Шинос мекарду пул мегирифт: дар Суғд зани 43-солаеро ба иттиҳоми даллагӣ боздошт карданд

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муттаҳам дар ҳудуди ноҳияи Спитамен як зани кӯлобиро бо як марди сокини ҳамин ноҳия барои муносибатҳои маҳрамона шинос карда, аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст. Нисбати гумонбар тибқи моддаи 239-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд занеро ба иттиҳоми даллагӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти даллагӣ дастгир карда шуд. 

"Номбурда, рӯзи 21-уми январи соли 2019, тахминан соати 10:00-дақиқа, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен марди 37-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва зани 45-солаи сокини ноҳияи Спитаменро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Нисбати зани номубрда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0