Беҳтарин идораи хидматрасон ба муҳоҷирон дар Суғд муайян шуд

Обуна шудан
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Беҳтарин шуъба ва бахши хадамоти муҳоҷират”-ро ҷамъбаст кард

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд, дар озмуни мазкур ҷойи аввалро шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюмро бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ва ҷойи сеюмро бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом соҳиб шуданд.

Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
“Муҳофизи шаҳри Палмир” дар Душанбе маҳбасӣ шуд

Раёсати Хадамоти муҳоҷират мегӯяд,  озмуни мазкур бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд ва дар он шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятӣ таъмини иштироки фаъолонаи кормандон дар раванди бунёдкорию созандагӣ, тақвият бахшидани фаъолият дар ҳамаи самтҳо, дастгирии методию амалии бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, боз ҳам беҳтар намудани шароити меҳнат барои кормандон ва муайян намудани бахшу шуъбаи беҳтарини Хадамоти муҳоҷират дар миқёси вилоят арзёбӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0