Падидаи мазкур дар ҷаҳон ба номи "абармоҳи хунин" маъруф буда, дар соли равон , ба рӯзҳои 20 - 21-уми январ рост омад.
Дар ин замон моҳ ба наздиктарин нуқтаи худ ба замин дар мадор мерасад ва дар осмон шаби бисёр торик ба назар хоҳад расид. Ин падида таркибе аз падидаи "абармоҳ" ва "моҳи хунин" ба шумор меояд ва охирин моҳгирифтагие хоҳад буд, ки то соли 2021 шоҳид мешавем.
Тайи ин моҳгирифтагӣ моҳ дар сояи замин қарор хоҳад гирифт. Муҳаққиқон тахмин задаанд, ки моҳгирифтагии баъдӣ дар таърихи 26-уми майи соли 2021 иттифоқ хоҳад афтод.
Моҳгирифтагӣ ё “моҳи хунин" дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон қобили дидан буд. Аз ҷумла дар минтақаи Амрикои Шимолӣ, дар баъзе минтақаҳои Аврупо ва Африқо.
Инчунин, як падидаи дигар кайҳонӣ ба номи “Ситораборон” ном дорад, ки дар рӯзҳои 6 ва 7 май рух хоҳад дод.
Ба гуфтаи ситорашиносон “Ситораборон” аз 19 апрел шурӯъ шуда то 28 май соли равон идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ситорашиносон дар ин рӯзҳо дар як соат аз осмон то 50 шаҳоб меуфтад.
Милюнҳо нафар рӯзи 2 июли соли равон шоҳиди хуршедгирифтагӣ хоҳанд шуд. Ин падидаи кайҳониро дар ҷануб шарқи Уқёнуси ором ва дар Чиливу Аргентина мушоҳида кард.






