Навори вайронкории бунёдкор дар интернет паҳн гардид.
Дар он дида мешавад, ки коргар дар экскаватори хурдакаке вориди бино шуда, аз шикасти дари шишагӣ сар мекунад.
Сипас ба тахриби мебел ва таҷҳизоти дохили бино мегузарад.
Дертар маълум шуд, ки ин "ҷазо барои напардохтани маош будааст".
Ба мард музди кораш - 600 фунт стерлингро напардохтаанд. Ҳодиса дар Ливерпул рух додааст.
Шоҳидони ҳодиса кӯшиши боздоштани мардро намекарданд.
Пас аз ҳамаи ин, мард оромона эскаваторро дар кунҷе гузошта, ҷойи ҳодисаро тарк мекунад.