Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанРустам Эмомали и Эмомали Рахмон дали старт строительству новой школы
Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон дали старт строительству новой школы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар қарори раиси шаҳр қайд карда мешаванд, ки мақсад - иҷрои босифат ва самараноки вазифаҳое мебошад, ки раисҷумҳур дар паёми солона гузошта буд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз 24 январ "дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ дар бораи иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 баён гардидаанд" қарор имзо кардааст.

Тавре дар санади мазкур гуфта мешавад, мақсад тасвиби қарор таъмини иҷрои босифат, самаранок ва саривақтии вазифаҳое мебошад, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш гузошта буд.

"Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ" баён гардидаанд, тибқи замима тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарор.

Муовини якум, муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва шаҳрдории Душанбе ҷиҳати  иҷрои босифат ва самараноку саривақтии нақшаи чорабиниҳо ӯҳдадор шудаанд.

Ёдрас мешавем, 26 декабри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми  якҷояи Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҷумҳурӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон мебошанд, ироа шуд.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз соли 2017 ироаи паёми асосии раисҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон қабл аз оғози соли нав сурат мегирад.

Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0