Тоҷикистон барои нафақагирон дар соли гузашта 250 миллион доллар пардохт кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи августи соли гузашта ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон 15 дарсад афзоиш ёфта буд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.  Дар соли гузашта маблағи пардохти нафақа ва кумакпулӣ дар Тоҷикистон 2 миллиарду 344 миллион (248,5 миллион доллар)-ро ташкил дода буд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ваъда дод: дар Тоҷикистон музди кор, нафақа ва стипендия то 15 дар сад боло мешавад

“Дар ҳамин ҳол, шумораи  нафақагирон дар аввали соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 686,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”, - иттилоъ додааст Ожонсии омори Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта, қарор дар бораи боло бурдани моҳона, нафақа ва стипендияҳоро ба имзо расонида буд.

Тибқи қарори мазкур аз 1 сентябри соли гузашта маоши вазифавии кормандони ташкилоту ва муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, бахши иқтисоди воқеъӣ ва ташкилотҳое, ки аз тарафи давлат маблағгузори мешаванд боло бурда мешавад.

Ҳаҷми нафақа ва кумакпулӣ инчунин ба 15 дарсад афзоиш ёфт.

Дар соли ҷорӣ аз буҷаи давлатӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ беш аз 3,6 миллиард сомонӣ (390 миллион доллар) равона хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0