ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Кормандони милитсияи шаҳри Исфара марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сурхи ноҳияи Исфара бо гумони дуздӣ дастгир карданд.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара марди 44-солаи сокини шаҳри мазкур шикоят намудааст, ки рӯзи 21-уми январи соли равон, тахминан соати 12:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз масҷиди “Имом-Бухорӣ”-и ҳамин шаҳр аз дохили ҳуҷраи либосивазкунӣ, аз ҷайби курткааш 80 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сурхи ноҳияи Исфараро дастгир карданд.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишотро идома дорад.