ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Бо қарори навбатии Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон” иҷозатномаи фаъолият дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 январи соли равон дар асоси моддаи 4-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Меҳрубон” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд.
Бонки миллӣ ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур додааст, ки сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.