Назарсанҷӣ: 18,3 дар сади пурсидашудагон дар Душанбе ба милиса боварӣ надоранд

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аммо 81,7 дар сади пурсидашудагон дар Душанбе ба фаъолияти кормандони милиса боварӣ доштаанд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ пурсиши иҷтимоӣ гузаронидааст, ки дар он 2796 нафар иштирок доштаанд.

Варақаҳои саволномаҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида аз 17 савол иборат буда, он масъалаҳои боварии мардум аз фаъолияти кормандони милитсия, огоҳии аҳолӣ аз комёбиҳо ва дастовардҳое, ки мақомот дар солҳои охир ба он ноил гардидааст, ҳамкориҳои кормандони милитсия бо аҳолӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро дар бар гирифтааст.

Бино бар иттилои ВУД, 2285 нафар ё 81,7 дар сади пурсидашудагон ба милиса боварӣ доштаанд.

Аммо 18,3% пурсидашудагон посух доданд, ки ба милиса боварӣ надоранд.

Дар ҳамин ҳол, 74,5 дар сади иштирокдорони назарсанҷӣ гуфтаанд, ки солҳои охир фаъолияти милитсия беҳтар гардидааст. 86 дар сад гуфтаанд, ки дар ҳолати зарурат ба ҳамкорӣ бо кормандони соҳа омодаанд. 15 дар сад изҳор доштанд, ки аз муроҷиат ба милиса қаноатманд нагаштанд.

91,3 дар сад пурсидашудагон гуфтанд, ки дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ҷайҳои ҷамъиятӣ худро амн ҳис мекунанд.

Назарсанҷии вазорат ҳатто суолеро дар бораи сару либоси милисаҳо дар бар гирифтааст. 74% ҷавоб доданд, ки либоси кормандон зебанда мебошад, 280 нафар ё 10% қисман ва 196 нафар ё 7% ба савол ҷавоб дода натавонистанд.

Лентаи хабарҳо
0