Дар Тоҷикистон истеҳсоли навъҳои нави маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад

© © SPUTNIK / РАМИЗ БАХТИЯРОВФрукты и овощи, архивное фото
Фрукты и овощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон тасмим гирифтааст содироти маҳсулоти аграриро ба хориҷ аз кишвар зиёд намояд, ба ҳамин хотир ҷумҳурӣ бунёди гармхонаҳо, яхдонҳо ва ҷойҳои хушккунию бастабандиро ба маротиб зиёд хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон истеҳсоли навъҳои нави маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ мемонанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ин масъала ҳангоми мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо роҳбари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ Андреа Даллоилио  баррасӣ шуда буд.

Уборка сои в Амурской области - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 2,5 миллиард доллар расид

Ғайр аз ин тарафҳо масоили ба роҳмонии технологияи муоссир, сохта ба истифода додани гармхонаҳою яхдонҳо, ҷойҳои махсус барои хушконидану бастабандӣ кардани маҳсулот, сохтани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани маҳсулоти содиротии, кишварро гуфтушунид намуданд.

Онҳо инчунин масоили беҳтар намудани шароити сайёҳиро дар кишвар дида баромаданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ноиби сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим супориш дода буд, ки низоми нави истеҳсоли босифат мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ коркард ва ба роҳ монда шавад.

Вай қайд карда буд, ки ин тасмимҳо бояд истеҳсолоти тоҷикро дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир намоянд.

 

Лентаи хабарҳо
0