Қарори раиси Душанбе барои даъвати баҳорӣ: аз таҳияи рӯйхатҳо то табобати пеш аз аскарӣ

© Sputnik / Виталий АньковПризыв, архивное фото
Призыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки барои даъвати баҳории имсолаи наваскарон омодагии муташаккилона бо ҷалби муассисаҳои таълимӣ то раисони маҳаллаҳо амалӣ карда шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ дар даъвати баҳории соли 2019 шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992 - 2001 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: таъини раисони “Тоҷик Эйр”, “Амонатбонк” ва мансаби писари Убайдуллоев

Шаҳрдор раисони навоҳии Душанбе, раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии пойтахтро муваззаф кардааст, ки омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд.

“То санаи 25 марти соли 2019 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд”, - омадааст дар қарори шаҳрдорӣ.

Комиссарони ҳарбӣ ва раисони маҳаллаҳо вазифадор карда шудаанд, ки рӯйхати пурраи ҷавонписарони синну соли даъватиро дар муҳлати кӯтоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таърифи Раҳмон аз ниятҳои Рустами Эмомалӣ дар ВМКБ ва тақозои таъмини нақлиёт дар Душанбе

“Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавононписарони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”, - таъкид кардааст шаҳрдор дар қарораш.

Рустами Эмомалӣ назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Бахтиёр вогузор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0