Суруд баъди сафирӣ: намоҳанги нави насиҳатомези Шабнами Сурайё - навор

Обуна шудан
Шабнами Сурайё, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ба ахиран ба ҳайси сафири ҳусни ният ба ҳалли масоили муҳоҷирату сил ҷалб гардид, намоҳанги ҷадиди насиҳатомезе нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намоҳанги ҷадиди Шабнами Сурайё, зери унвони “Надорӣ” аз ҷониби “L.A Production” таҳти мудирияти Лидия Андре таҳия шуда, тайи рӯзҳои аввали нашр дар саҳифаи расмии овозхон онро беш аз 120 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Шабнам Сурайё дар суруди ҷадид аз бевафоӣ ва ғаму танҳоӣ шиква карда, изҳор доштааст, то нафас дорад,  дӯст хоҳад дошт.  Дар охири намоҳанг паёми иҷтимоиро низ алайҳи бемории сил ироа намудааст.

“Ишқро эҳтиёт намо, магузор нобуд шавад. Нагузор беморие чун сил муҳаббатро аз байн бубарад – бигузор меҳру муҳаббати мо силро аз байн бубаранд", - таъкид шудааст дар охири намоҳанг.

Шабнами Сурайё ахиран аз ҷониби Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба ҳайси сафири ҳусни ният ба ҳалли масоили муҳоҷират ва сил ҷалб гардид.

Ӯ  зимни як ҳамоиши байналмилалӣ  дар шаҳри Остона азмаш барои кумак дар бахши сил ва муҳоҷиратро баён кард.

Певец Джонибек Муродов - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибек дар бораи ҳунари Шабнам, ранҷидан аз Юлдуз, “вискӣ”, Қадам ва филми урён - навор

"Мавзӯи сил бароям бегона нест. Дар зиндагӣ ман бо афроди гирифтори сил вохӯрдаам. Ин мавзӯъ маро ҳамеша нигарон мекард ва вақте ба ман пешниҳод карданд, то сафири ҳусни ният гардам, бо ҷону дил розӣ шудам . Мехоҳам дар ин бора бештар донам ва ба одамон ёрӣ расонам", - изҳор дошта буд Шабнами Сурайё.

Фаъолият ба ҳайси сафири ҳусни ният миёни афроди муътабар ва шинохта дар ҷаҳон густурда шудааст. Чун эътибору имкониятҳои афроди шинохта бештар асту метавонанд таваҷҷуҳи бештар ба масоили мубрами ҷомеаро ҷалб кунанд, созмонҳои гуногун аз чунин афрод даъват мекунанд, ки ба ҳайси сафири ҳусни ният фаъолият кунанд.

Лентаи хабарҳо
0