Ба гуфтаи Алисенов, кишварҳои ИДМ, ки пештар ба Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд, аз лиҳози иқтисодӣ бо Русия иртиботи бузург доранд.
"Ҳаҷми асосии содироти маҳсулоти кишварҳои зикршуда ба Русия фиристода мешаванд. Бо далели ворид шудани таҳримҳо ва беқурбшавии пул дар кишварҳои ИДМ ҳаҷми содироти онҳо ҳам камтар мешавад. Ин сабабҳои умумӣ мебошанд, ки қариб ба тамоми кишварҳо тааллуқ доранд", - мегӯяд дотсенти кафедраи иқтисод ва молияи РАНхиГС Алисен Алисенов.
Ба гуфтаи Алисенов, дар Тоҷикистон нархҳо бо чанд далел гарон мешаванд.
"Яке аз онҳо - поён шудани арзиши ҷаҳонии алюминий ва пахта мебошад, ки Тоҷикистон асосан ин колоҳоро содирот мекунад. Ҳамчунин кам шудани интиқоли пулии муҳоҷирон низ яке аз сабабҳои асосит. Даромади муҳоҷирони тоҷик хело кам шудааст", - таъкид мекунад коршинос.
Афзун бар ин, ихроҷи сармоя аз кишвар ва беқурбшавии пули миллӣ боиси таваррум шудааст, афзуд вай.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршинос, таваррумро метавон дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ суст кард.
"Таваррумро бояд бо роҳи дида баромандани сиёсати нархгузорӣ, паст кардани андоз, арзон кардани хизматрасониҳои ҳаётан муҳим ва бардоштани мамониятҳо байни савдои кишварҳои ИДМ паст кард", - маслиҳат медиҳад вай.