Супориш ба Озода Раҳмон барои муайянсозӣ ва муҷозоти мансабдорони дурӯғгӯю бемасъулият

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат аз иҷро нашудани бархе супоришҳояш аз сӯи мансабдорон ва дуруғгӯию намоишкорӣ изҳори нигаронӣ карда, ба дастандаркорон ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ҳушдор дод, ки набояд ба зоҳирпарастӣ ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ роҳ диҳанд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таърифи Раҳмон аз ниятҳои Рустами Эмомалӣ дар ВМКБ ва тақозои таъмини нақлиёт дар Душанбе

Раисиҷумҳур ба Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроия супориш дод, ки иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлатро  таҳлил карда, нисбат ба роҳбарону шахсони масъул, ки дар иҷрои онҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, чораҳои қатъӣ андешад.

Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро барои босифат ва сари вақт иҷро намудани нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифадор кард.

Ӯ зарур хондааст, ки то баргузории ин ҷашн симои ҳар як шаҳру деҳот ва маҳалли зист сифатан дигар шуда, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва шароити хуби инфрасохторӣ дар ҳар як гӯшаву канори мамлакат фароҳам гардад.

ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз “Тоҷик Эйр” то нигаронии Президент баъди ҳисоботи Шералӣ Кабир дар ҷаласаи Ҳукумат

“Аз ҷумла таъминот бо оби ошомиданӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ то дурдасттарин деҳоти кишвар таъмин карда шавад”, - зарур хондааст Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 20 ҳазору 149 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 2 ҳазору 944 ё 14,6 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуданд ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0