КҲФ Тоҷикистон: то 20 январ 110 ҳолати лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд

© Sputnik / Владимир Иванов / Гузариш ба медиабонкСход снежных лавин, архивное фото
Сход снежных лавин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои 20-22 январи соли равон дар бисёр минтақаҳои кӯҳӣ бориши зиёди барф дар назар аст, хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Резиши барф ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, ағбаи Қизил-Арт ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст, иттилоъ додааст кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, то рӯзи 20-уми январ 110 ҳолати лағзиши тарма  ба қайд гирифта шудааст.

Из-за снегопада трасса Душанбе-Чанак перекрыта  - Sputnik Тоҷикистон
IRS: ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душнбе-Чаноқ муваққатан манъ карда шуд

“Рӯзи 20 январ дар километри 69 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд автомашинаи “Тойота Ланд Крузер Прадо” бо мусофиронаш зери тарма монд. Хушбахтона, ронанда ва мусофирони мошин сари вақт аз он берун шуданд ва худро ба макони амн расондад. Ин имкон дод, ки аз ҳодисаи нохӯш пешгирӣ шавад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Кумита хабар додааст, ки барои тоза намудани қисматҳои зери барфи азим ва тарма мондаи роҳҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати Innovative Road Solutions (IRS) техника сафарбар кардаанд ва корҳои тоза кардани роҳҳо идома доранд.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки дар мавзеъҳои Майхӯра (километри 62), километрҳои 72 ва 132 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, инчунин дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ гурўҳхои зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амал мекунанд.   

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат ва меҳмонони хоҳиш намудааст, ки аз рафту омади безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. 

Кумита ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш ва коҳиши хатари офатҳо ба ронандагоне, ки дар ҳолати зарурӣ ба сафар мебароянд, бори дигар тавсия додааст, ки  пеш аз сафар дурустии автомашинаҳор санҷида, камбудиҳо ҷойдоштаро ислоҳ намояд, мошинро бо маводи сӯхт пурра таъмин намоянд, то дар ҳолати зарурат барои гарм кардани автомошина захира мавҷуд бошад, чархҳои тобистонаи автомашинаҳоро бо чархҳои зимистона иваз намуда, мошинҳои калонҳаҷму боркашро бо занҷирҳои зидди лағзиш, чароғҳои фурӯзон ва таъмин будани дурустии кори системаи гармидиҳии мошинро санҷанд.

Далери Абдуллох пресс-секретарь компании IRS - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати IRS: тармафароӣ яке аз мушкилоти асосӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ аст

Инчунин Кумита таъкид кардааст, ки мошинҳо ронандаҳо дар мошин дорухонаи хурд, сару либоси гарм, чароғак, бели хурд, таноби мошинкаш, гугирд, зарф бо маводи сӯхт, оби гарм дошта бошанд.

Манбаъ бори дигар аз ронандаҳо хоҳиш намудааст, ки суръати ҳаракат ва масофа байни мошинҳоро риоя намоянду, бо худ якчанд симкорти ширкатҳои мухталифи мобилии кишварро дошта бошанд.

Инчунин ронандаҳо бояд дар ҳолати душвор будани роҳ, туман ва шабонарӯзӣ аз ҳаракат бо мошин худдорӣ намоянд.

 

Лентаи хабарҳо
0