ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон рӯзона асосан ҳавои бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -0-5 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 3-8 ва инчунин то 11-13 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.