ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Роҳбари Чин Си Ҷинпин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаласаи сарони форуми "Як камарбанд - як роҳ", ки моҳи апрел дар Пекин баргузор мешавад, даъват кард. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.
"Даъвати роҳбари Чин ба воситаи ниҳодҳои дипломатии ду кишвар ба раисҷумҳури Тоҷикистон расонида шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сароне, ки моҳи майи соли 2017 дар Чин баргузор шуд, иштирок надошт.
Ба ҷойи раисҷумҳур Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон намояндагӣ карда буданд.
Дар форуми гузашта наздики сарони 30 кишвар ва ҳукуматҳо ва роҳбарони ташкилотҳои бузурги байналмилалӣ иштирок доштанд.
Пештар, Си Ҷинпин Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистонро низ ба форуми мазкур даъват карда буд.