ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Дар интернет-кафеҳои шаҳри Ҳисор рейди шабона анҷом дода шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
"Санҷиши навбатӣ собит кард, ки то ҳанӯз аз беназоратии падару модар наврасону ҷавонон дар вақти дарс ба макрказҳои бозизиҳои компютерӣ ҳозир гардида, ба бозиҳои зараровар ва тамошои филмҳои ба руҳу равони инсон зиёновар машғул мегарданд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, дар интернет-кафеи Нозимҷон Зиёев як ноболиғва 6 ҷавон ба бозиҳои зараровар машғул буданд.
Ҳамчунин як сокини шаҳр, Ёров Саидмуддин дар хонааш маркази бозиҳои компютерӣ ташкил карда, ба он шабона наврасону ҷавононро роҳ медодааст.
"Он ҷо низ як нафар ноболиғ ва 3 нафар ҷавон ба истифодаи ҳар гуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зӯроваридошта саргарм буданд", - афзудааст дафтари матбуотӣ.
Кормандони милиса ба ҷавонон оқибатҳои зараровари чунин бозиҳои хусусияти зӯроваридоштаро фаҳмонида, нисбати падару модари ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд.
Нисбати соҳибони марказҳои компютерӣ, барои вайрон намудани талаботи дар иҷозатнома, я протоколҳои маъмури тартиб дода шуда, фаъолияташон қатъ карда шудааст.
Пештар, ВУД хабар дода буд, ки дар пайи баргузории амалиётҳои вижа дар марказҳои компютериву букмекерӣ ва бозору кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар 54 наврасро ба Шӯъбаҳои маҳалии мақомоти милиса дастрас кард.
Гуфта мешуд, дар аксар ҳолатҳо шабона наврасону ноболиғон дур аз хонаву оила дар марказҳои бозиҳои компютерию букмекерӣ ва дигар нуқтаҳои дилхушӣ ба корҳои зараровар машғул буданд. Дар бисёр ҳолатҳо волидони ин гуна наврасон ҳатто намедонистанд, ки фарзандонашон дар хона нестанд.
Нисбати 29 волидон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда,4 нафар наврасони оворагард дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД ҷойгир карда шуданд.