“Душанбегаз” таъмини хонаҳои дигари назди қубури асосӣ бо газро меомӯзад

Обуна шудан
Шавкат Шоимов, мувоини аввали мудири кулли “Тоҷиктрансгаз” мегӯяд, ҳудуди 20 хонаи истиқоматии Душанбе бо гази Узбакистон таъмин шуданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Шоимов аз оғози моҳи равон зиёда аз 20 хонаи истиқоматии кӯчаи Мирзо Турсунзода дар қисмати шимолу шарқии пойтахт ба қубурҳои газӣ пайваст карда шуданд.

“Ин хонаҳо қаблан барои истифода бурдани гази табиӣ омода гардида, ҳамакнун ба таври таҷрибавӣ аз он истифода мебаранд”, — иттилоъ додааст Шавкат Шоимов ба “Ховар”.

Ҷамолиддин Абдураҳимов, мудири “Душанбегаз” изҳор доштааст, ки  хонаи шаҳрвандон, ки дар масофаи 50 метр аз қубури асосӣ ҷойгиранд, ба гази табиии Ӯзбекистон пайваст карда шуданд.

“Айни замон инфрасохтори хонаҳои дигар, ки дар ин масофа ҷойгиранд, мавриди омӯзиш қарор дошта, вобаста ба он корҳо идома доранд. Инчунин имконияти пайваст намудани онҳо ба гази табиӣ мавриди омӯзиш қарор дорад”, — изҳор доштааст Абдураҳимов.

Феълан гази Узбакистонро асосан корхонаҳои саноатии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Тибқи иттилои масъулин, айни ҳол  истифодабарандагон барои ҳар як метри мукааби гази табиӣ 1,7 сомонӣ пардохт менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0