ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Як духтари 19-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба иттиҳоми дуздии маблағ аз дохили мошин дастгир шудааст.
Бино бар иттилои ВУД Тоҷикистон, духтар шоми 15 январ аз мошини "Мерседес-Бенс"-и як ҷавони сокини ҳамин кӯча 16 ҳазору 680 сомониро дуздидааст.
"Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ариза марди 23-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев муроҷиат намудааст, ки рӯзи 15-уми январи соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 16 ҳазору 680-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - менависад дафтари матбуотии ВУД.
Тафтишот аз рӯйи ин қазия идома дорад.