ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Марзбонони тоҷик, ки дар Хоруғ боиси сар задани садамаи маргбор шуданд, маст буданд, хабар медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба манбае аз додситонӣ.
"Дар чаҳорчӯбаи тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати ду афсари Қӯшунҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки 1 декабр дар Хоруғ боиси сар задани садамаи маргбор шуданд, бо моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот муайян кард, ки афсарони марзбон ҳангоми садама маст буданд", - гуфта мешавад дар хабар.
Тавре таъкид мешавад, афсарон то ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Ба ҳарду афсар аз 5 то 10 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
Ёдрас мешавем, дар пайи садамаи рӯзи 1 декабр дар Хоруғ 2 тан, аз ҷумла зани ҳомила ба ҳалокат расида, ду нафари дигар сахт маҷрӯҳ шуданд.