Дидори намояндагони ЮНЕСКО аз нӯҳ ёдгории таърихии вилояти Суғд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЮНЕСКО
ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 17-уми январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони Маркази мероси умумиҷаҳонии Дафтари минтақавии ЮНЕСКО мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзодараиси вилояти Суғд бо Лю Ҷоу, профессори донишгоҳи Синхуа, ки роҳбари гурӯҳи кории Маркази байналмилалии нигоҳдошт ва консерватсияи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО мебошад мулоқот кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо намояндаи навтаъиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи Аврупо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан”-ро дастоварди муҳим донист

Қарор аст, намояндагони ЮНЕСКО дар Суғд  аз нӯҳ ёдгории таърихии вилояти дидан намоянд.

Раиси вилоят зимни мулоқот таъкид намудааст, ки нӯҳ ёдгории таърихию фаҳангии вилояти Суғд - Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, Петроглифҳо-сангнигораҳои ноҳияи Ашт, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳа ва мавзеи Чилҳуҷраи ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин ва Мақбараи Ҳазрати Бобо дар шаҳри Хуҷанд, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нӯҳ Гумбаз)-и шаҳри Истаравшан ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи минтақавии “Фарғона-Сирдарё” пешниҳод карда шудааст.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифз ва нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса равона намуда, ҷиҳати эҳёи онҳо маблағҳои зарурӣ равона месозад.

Дар ҳамин ҳол, Лю Ҷоу, роҳбари гуруҳи кории Маркази байналмилалии нигоҳдошт ва консерватсияи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО, зимни суҳбат таъкид намуд, ки гурӯҳи корӣ аз 14-уми январ инҷониб дар вилояти Суғд қарор доранд ва бо мутахассисони сатҳи байналмилалӣ доир ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихӣ аз нӯҳ ёдгории таърихии вилояти Суғд дидан мекунанд.

Выставка ремесленников в Исмаилитском центре в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
ЮНЕСКО чаканро мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳон эътироф кард - видео

“Зимни суҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки нӯҳ ёдгории таърихии вилоят ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи “Фарғона-Сирдарё” аз ҷониби Маркази байнамилалии нигоҳдошт ва консерватсияи дафтари минтақавии ЮНЕСКО қабул карда мешавад”,- таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам мебошад. Аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунё ба ин руйхат  ворид карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0