ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду мард, сокинони вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар додааст, ки ба ташкили фоҳишахона муттаҳам мешаванд.
Бино бар иттилои манбаъ, яке сокини шаҳри Бохтар, марди 56-сола "рӯзи 15-уми январи соли 2019, тахминан соати 20:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Ваҳдатро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: марди 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва зани 23-солаи сокини шаҳри Бохтар шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст".
Гумонбари дувум, марди 25-солаи сокини ноҳияи Лахш будааст, ки манзили дар пойтахт ба иҷора гирифтаашро ба фоҳишахона табдил додааст.
"Номбурда, рӯзи 13-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 25-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва зани 42-солаи сокини пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 180-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Тафтишоти ҳодиса идома дорад.