Теъдоди қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 7 нафар расид

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГоры Таджикистана
Горы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду нафар дар водии Бартанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қурбони барфрезӣ ва тармафароӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре сокинони маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки Парвона, як ронандаи мусофирбари масири Душанбе – ВМКБ, ки мошинаш дар роҳи водии Бартанг дармондаст, ҳамроҳи мусофираш – Суҳроб пиёда ба деҳаи наздиктарини Хиҷез рафтаанд. Аммо дар роҳ зери тарма мондаанд. Ҷасади Суҳроб рӯзи гузашта пайдо шуда, кофтукоби Парвона идома дорад.

Спасатели откапывают машины  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати падару писар дар пайи лағжиши тарма дар шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, водии Бартанг комилан дар бунбаст қарор дошта, мардум бо даст барфу тармаро тоза карда истодаанд. Сокинони ин водиии дурдасти ВМКБ, ки даҳҳо деҳа дорад, аз набудани техникаи роҳтозакунӣ дар ин масир шикоят карданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 17-уми январ низ ду корманди идораи роҳбонӣ ҳангоми кор дар роҳи Хоруғ-Ишкошим зери тарма монда, ҷон додаанд. Фавтидагон - нигоҳдорони роҳ-падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим буда, ба тоза кардани ҷодаи "Хоруғ-Ишкошим" машғул буданд.

Инчунин дар пайи барфрезиҳои ахир ду ҳезумчини 20 ва 30-сола дар ноҳияи Панҷакент зери тарма мондаанд. Ахиран инчунин аз зери ярч мондани як сокини ноҳияи Ванҷ хабар дода шуд.

Барфрезии шадид ҳафтаи равон дар навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ сурат гирифта, қисми зиёди роҳҳои вилоят феълан баста мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0