Назорати тозагии мошинҳо дар Душанбе пурзӯр шуд

© сомонаи Вазорати умури дохилии ТоҷикистонАмалиёт барои санҷиши тозагии мошинҳо дар Душанбе
Амалиёт барои санҷиши тозагии мошинҳо дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон назорати тозагии мошинҳоро дар роҳҳои шаҳри Душанбе пурзӯр кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, "пойтахт симои давлату миллат буда, ҳар нафари ба кишвари мо воридшуда, аз тозаву озодагии пойтахт ба як миллату давлат баҳо хоҳад дод".

Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хоҳарчаамро ҳанӯз нагирифта, маро хусурбача мегуфт: куштор дар шаби тӯй дар Хатлон

“Мутаассифона ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, баъзе аз ронандагон махсусан воситаҳои нақлиёти боркаше ҳастанд, ки ба тозагии воситаи нақлиёти худ аҳамияти ҷиддӣ надода, бо чархҳои ифлосу бори пошхӯранда ва бе пардаи ҳимоявӣ ба кашонидани қуму шағал ва дигар масолеҳи сохтмонӣ машғуланд, ки рехтани он дар роҳҳои автомобилгард боиси коста гардидани симои шаҳр мегардад”, - таъкид кардааст ВУД.

Манбаъ афзуд, танҳо давоми 8-рӯзи баргузории амалиёт дар ҳудуди пойтахт 153 чунин ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати ифлосиву бо бори пошхӯранда муайян гардида, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

“Ҳангоми баргузории санҷиши навбатӣ ронандагони воситаҳои нақлиёт, барои роҳ додан ба чунин қоидавайронкунӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - афзуд манбаъ.

Раёсати Вазорати умури дохилии Душанбе аз ронандагон, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш талаб кардааст, то дар тозаву озода нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётгарди пойтахт саҳмгузор бошанд.

Лентаи хабарҳо
0