Кудрин коҳиши теъдоди муҳоҷирон ва зарари иқтисоди Русияро пешгӯӣ кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкАлексей Кудрин. Архивное фото
Алексей Кудрин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алексей Кудрин, собиқ вазири молия ва раҳбари феълии Палатаи ҳисоби Русия коҳиши теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ва зарари иқтисоди кишварашро пешгӯӣ кард

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Кудрин дар ҳамоиши байналалмилалии илмӣ-амалӣ дар риштаи иқтисод, зери унвони “Гайдаровский форум” гуфт, теъдоди муҳоҷирон дар Русия коҳиш меёбад ва ин зарба ба иқтисоди Русия хоҳад буд.

Визит Эмомали Рахмона в Астану на переговоры с президентом Казахстана Нурсултаном Назарбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Будубоши бе қайд: Қазоқистон ба тоҷикистониён сабукиҳо дод

Ӯ се омил - нерӯи корӣ, сармоя ва тавлидотро барои рушди иқтисоди Русия зарур хондааст.

Ба гуфтаи Кудрин, вуруди муҳоҷирон ба Русия дар пайи коҳиши даромади воқеии мардум кам хоҳад шуд.

“Бо назардошти зиёд нашудани даромади воқеии мардум ва коҳиши қурби рубл воридоти муҳоҷирон, ки солҳои қабл талабот ба нерӯи кориро қонеъ мекарданд, кам мешавад”, - изҳор доштааст Кудрин.

Родственник семьи Улфатовых с детьми - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шудани тархиси Шӯҳрат аз шӯъбаи эҳё ва пардохти товон ба хонаводаи ӯ

Ӯ таъкид намудааст, ки ин раванд бар зарари иқтисоди Русия буда, таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Кудрин яке аз иқтисоддонҳои шинохтаи Русия ба шумор рафта, феълан роҳбарии Палатаи ҳисоби Русияро ба уҳда дорад.

Пешгӯии ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион нафар барои таъмини хонаводаашон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Лентаи хабарҳо
0