Ин ҷо бозор магар? мансабдори маорифро барои либосаш аз парлумон пеш карданд – видео

Обуна шудан
Вакилони Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон Талантбек Тинисов, мансабдори Ожонси таҳсилоти касбии ин кишварро барои надоштани либоси расмӣ аз ҷаласа пеш карданд

Ҷемпери Талантбек Тинисов, мудири шуъбаи молиявӣ ва баҳисобгирии Ожонси таҳсилоти касбии Қирғизистон мавриди интиқоди вакил Алмосбек Токторов ва ноиби раиси парлумон Мирлан Бакиров қарор гирифт, иттилоъ дод Sputnik Қирғизистон.

Мирлан Бакиров дар хитоб ба мансабдори ҷемперпӯш гуфт, ин ҷо бозор аст магар? Ӯ афзуд, ки парлумон дастурамали либоспӯшии худро дорад ва он бояд риоя шавад.

Тинисов дар шарҳи ҷемперпӯшияш гуфт, ба ҷаласаи парлумон бояд роҳбараш меомад, аммо раис касал шуду ӯро ба ҷаласа равон кардааст.

Шарҳи мансабдор вакилонро қонеъ накард ва аз ӯ хоҳиш намуданд, ки ҷаласаро тарк кунад.  

Лентаи хабарҳо
0