Сиёвуш бидуни тафовуқ бо "Истиқлол" дастаро ба қасди Малайзия тарк кард

© ФФТ РТЗащитник таджикского футбольного клуба "Истиклол" и сборной Таджикистана Сиёвуш Асроров
Защитник таджикского футбольного клуба Истиклол и сборной Таджикистана  Сиёвуш Асроров   - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиёвуш бидуни тавофуқ бо раёсати “Истиқлол” ба Малайзия рафтааст ва бошгоҳ Тоҷикистон метавонад дар мавриди ин интиқолот шикоят барад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Сиёвуш Асроров, ҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе ба бошгоҳи PKNS-и Малайзия пайваст, гузориш медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба вебгоҳи "Истиқлол".

Гуфта мешавад, Сиёвуш бидуни тавофуқ бо раёсати “Истиқлол” ба Малайзия рафтааст ва "Истиқлол" метавонад дар мавриди ин интиқолот шикоят барад.

“Истиқлол”, ки ҳоло ба мусобиқоти муқаддимотии Лигаи қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинад, ҳанӯз вокунише дар ин маврид нишон надодааст.

Асроров 26 сол дорад ва парваришёфтаи “Вахш” мебошад. Ӯ солҳои охир бозикуни “Истиқлол” буд.

Бошгоҳи PKNS (Perbadanan Kemajuan Negeri Selangor) соли 1967 иҷод шудааст ва вобаста ба бошгоҳи варзишӣ-беҳдоштии шаҳри Петалинг Ҷаяи иёлати Селангор мебошад.

Лентаи хабарҳо
0