Сафири Тоҷикистон дар Пекин ҳамкорӣ бо Кореяи Шимолиро баррасӣ кард

© Фото : Пресс-служба МИД Республики ТаджикистанПосол Таджикистана Парвиз Давлатзода в Китае пообщался с юными журналистами
Посол Таджикистана Парвиз Давлатзода в Китае пообщался с юными журналистами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвиз Давлатзода, сафири Тоҷикистон дар Чин, бо Жи Тае Сонг, сафири бахши супориши махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Чин, мулоқоти Давлатзода ва Жи Тае Сонг 15 январ дар Пекин баргузор гардид.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода на официальном приеме торговой ярмарки СУГД-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суғд аз Вен Ю Дао хост, истеҳсолотро дар корхонааш ба 3,5 миллиард сомонӣ расонад

Ҷонибҳо масъалаи таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Кореяро баррасӣ намуданд, хабар додааст “Ховар” аз қавли сафорат дар Чин.

Ахиран Давлаталӣ Саид, ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон ахиран зимни ҳамоиш, ки зери унвони “Сулҳ дар нимҷазираи Корея ва имконоти Осиё барои инкишоф” гуфт, барои таҳкими сулҳ дар Корея ва умуман минтақаи Осиё бояд талошҳои муштарак сурат бигиранд, ки ҳар давлат дар минтақа рушд кунад.

“Сулҳу суботи тамоми Осиё  аз талошҳои муштарак барои рушди ҳар кишвар дар минтақа вобаста аст. Талошҳои муштарак барои рушди ҳамаи кишварҳои минтақа як фазои сулҳу субот дар тамоми Осиёро эҷод хоҳад кард”, - изҳор дошта буд ноиби аввали нахуствазири Тоҷикистон.

Баррасии сулҳ дар нимҷазираи Корея дар ҳоле сурат гирифт, ки соли гузашта роҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ мулоқот карда, алайҳи ҷангу барномаҳои ҳастаӣ ёддоштҳо ба имзо расонданд ва барои ҳамкорӣ дар бахши иқтисодӣ созишҳо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0