ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ҳангоми ҷамъбасти солонаи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Душанбе хабар дод, ки дар як соли ахир дар пойтахти Тоҷикистон 22 коргоҳи нав бунёд гардидааст.
Ба иттилои раиси шаҳр, ҳамчунин аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ дар маҷмуъ 27 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.
Рустам Эмомалӣ афзудааст, ки дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ дар пойтахт то 18,3 дар сад афзудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи шаҳрдор, дар се соли ахир - то таҷлили 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар пойтахт бояд 22 муассисаи таълимӣ, 74 корхона, 24 сартарошхонаву кошонаи ҳусн ва 133 адад бинои баландошёна бунёд ва 121 хобгоҳу 2224 бино таъмир шаванд.