Дастархонороӣ: Кумитаи дин ва танзими анъана озмун эълон мекунад

Обуна шудан
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур- эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон гуфта мешавад. Иштирокдорони озмун бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ эълон  намудааст.

Бино бар иттилои маркази матбуотии кумита, ташкилкунандагони озмун Кумитаи дин мебошад, ки дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар роҳандозӣ хоҳад кард.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур- эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон гуфта мешавад.

Озмун дар се давра баргузор шуда, иштирокдорони фаъоли озмун бо туҳфаҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Давраи аввали озмун дар деҳаҳои Тоҷикистон 25 январи соли равон ҷамъбаст мешавад.

Лентаи хабарҳо
0