Тоҷикистон дар соли сипаришуда 765 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ кард

© Sputnik / Валерий Морев / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых, архивное фото
Уборка зерновых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварии 765 ҳазор тонна гандум дар соли 2018 хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.  Дар соли 2018 аз хориҷа ба Тоҷикистон як миллиону 19 ҳазор тонна гандум  ворид гардидааст, иттилоъ додааст Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон  

Умдатан як миллиону 19 ҳазор тонна гандум  аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки арзиши он наздик ба 273 миллион долларро ташкил додааст.

Уборка зерновых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон имсол камтар аз порсол орду гандум ворид кард

Аз сӯи дигар дар ин муддат орди воридшуда ба Тоҷикистон 47 ҳазор тонна эълом шуда, ки дар муқоиса ба соли 2017 наздик ба ҳашт ҳазор тонна камтар ва арзиши молии он 10 миллиону 300 ҳазор доллар будааст.

Дар Тоҷикистон солона наздик ба як миллион тонна гандум ҷамъоварӣ мешавад, ки барои таъмини ниёзи дохилӣ кофӣ нест, ба ҳамин далел ҳукумат барои таъмини ниёзи мардум ҳамасола аз Русия ва Қазоқистон беш аз як миллион тонна гандум ворид мекунад.

Дар соли 2018 барои кишти гандум дар Тоҷикистон 303 ҳазор гектор замин ихтисос дода шуд, ки дар муқоиса ба соли қабл 20 ҳазор ҳектор камтар аст. Мизони бардошти гандум аз ҳар гектор замини зери кишти ин маҳсул дар Тоҷикистон бештар аз ду тонна ва 600 кило аст, ки аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар аст, чунон ки дар Қазоқистон, ки умдатарин кишвари таъминкунандаи гандум дар минтақа ба ҳисоб меояд, ин шохис ба 11 тонна дар ҳар гектор мерасад.

Лентаи хабарҳо
0