Даргирии гурӯҳии таксиронҳои тоҷик ва мухлисони "Зенит" як кушта бар ҷой гузошт

© Sputnik / Табылды Кадырбековкулак, архивное фото
кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даргирии гурӯҳӣ байни таксиронҳои тоҷик ва гурӯҳи мухлисони дастаи футболи "Зинит"-и Русия дар Петербург бо марги яке аз иштирокдорони ҷанҷол ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар Санкт-Петербург шаби 5 ба 6 январ дар пайи даргирии гурӯҳӣ бо муҳоҷирони тоҷик як мухлиси бошгоҳи футболи "Зенит" кушта шуд, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Бино бар иттилои манобеъ, байни Никитаи 32-сола ва 3 ҳамроҳонаш бо як таксирони тоҷик ҷанҷоли лафзӣ сар зад. Ҷавони тоҷикистонӣ ба дӯстонаш занг зада, онҳро даъват кард, ки пас аз даҳ дақиқа ба ҷои ҳодиса расиданд.

Дар натиҷа байни ҷавонони рус ва тоҷикон задухӯрд сар шуд. Дар рафти он Никита ба замин афтодааст.

Пизишконе, ки ба ҷойи ҳодиса расидаанд, муайян кардаанд, ки ҷавон мурдааст. Бино бар иттилои пешакӣ, ҷавон дар пайи захмҳои дар сар бардоштааш, фавтидааст.

Полис корҳои тафтишотиро идома медиҳад. Бештари иштирокдорони даргирӣ аз тафтишот пинҳон шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0