Бонки миллӣ: баъди барканории Хуршед Носиров вазъи "Эсхата" беҳтар шуд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешБанк Эсхата, архивное фото
Банк Эсхата, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои бонки асосии Тоҷикистон, дар пайи тафтишотҳои Бонки миллӣ се корманди "Эсхата" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, як корманди дигар фирор кардааст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар як изҳороти ахираш, дар посух ба гузоришҳои расонаҳо, дар бораи тафтишоти анҷомдодааш дар бонки "Эсхата" гуфтааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тафтиш дар бонк як қатор камбудиҳои ҷиддиро ошкор кардааст.

"Аз ҷумла, иҷрои талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, пурра ба роҳ монда нашуда, кормандони бонки мазкур дар ҳаммаслакӣ бо шахсони ҷиноятпеша маблағҳои воридгардидаро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба дигар шахсон пешниҳод менамуданд", - менависад манбаъ.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Ожонси назорати маводи мухаддир нисбати 4 корманди бонк парвандаи ҷиноӣ боз намуд, ки дар пайи он се нафари онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, як корманди дигар фирор намуд, меафзояд манбаъ.

Бонки миллӣ меафзояд, дар пайи тафтишҳо, мудири филиали "Эсхата" дар Ёвон,  сардори шӯъбаи тиҷоратии чакана ва 8 корманди дигар дар минтақаҳаои гуногун барканор шуданд.

"Бонки миллии Тоҷикистон танҳо аз рӯи камбудиҳои ҷойдошта, ки дар фаъолияти ин бонк ошкор гардиданд (бе ғаразе нисбат ба роҳбарияти собиқи бонк), тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешид", - менависад манбаъ.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, баъди барканории Хуршед Носиров, роҳбарияти пешини бонк вазъи "Эсхата" беҳтар гардид.

Лентаи хабарҳо
0