Зодаи Суғд, падари серфарзанд, донандаи забонҳои англисию узбакӣ: раиси нави Хатлон кист?

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҷумаи ҳоли Қурбон Ҳакимзодаро, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раиси Хатлон таъин шуд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи иттилои нашркардаи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Таъйини раисони нави Хатлон ва 2 кумитаи дигар

Ҳакимзода соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро хатм карда, номзади илмҳои кишоварзӣ мебошад.

“Солҳои 1988 – 1996 дар вазифаҳои агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Иттиҳодияи истеҳсолии “Сельхозхимия”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии “Облсельхозхимия”-и шаҳри Хуҷанд ва мутахассиси шӯъбаи Комплекси агросаноатии Ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст”, - омадааст дар иттилоия.

Солҳои 1996 – 2008 ҳамчун раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд ва сардори  Идораи кишоварзии вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Ҳакимзода солҳои 2006 - 2008 муовини раиси вилояти Суғд, солҳои 2008 - 2010 раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, солҳои 2010 - 2013 раиси ноҳияи  Фархори вилояти Хатлон ва солҳои 2013 - 2018 муовини якуми раиси вилояти Хатлон буд.

Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар сафоратҳои Тоҷикистон

Ӯ аз соли 2018 то соли 2019 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон кор кардааст.

Қурбон Ҳакимзода бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 14 январи соли 2019 раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Ҳакимзода бо забонҳои русӣ, узбакӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезанад. Дар сомонаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, ки Ҳакимзода то ҳол роҳбарияшро ба уҳда дошт, донандаи забонҳои русӣ, узбакӣ ва англисӣ будани Ҳакимзода тасдиқ шуда, таъкид гардидааст, ки забони англисиро бо луғат медонад.

Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд буда, бо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0