Обуҳавошиносон: баъд аз борону барф ҳавои сарду тағйирёбанда дар назар аст

© Pixabay / Free-PhotosМальчик зимой в шапке, архивное фото
Мальчик зимой в шапке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш дар назар аст.  Ҳаво  шабона 3-5 дараҷа сард  ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард  ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 12-17 дараҷа сард  ва рӯзона    0-5  дараҷа гарм  мешавад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 18-23 ва   рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 12-17  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона  6-11  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона -2+3  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар   доманакӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сард  ва рӯзона  3-8  дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0