ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марказии амнияти саноатии Ҳиндустон – “CISF”, субҳи рӯзи душанбеи 14 январ, Султонмурод Азамов, шаҳрванди Тоҷикистон бо 62,5 кило чӯбпораҳои дарахти сандал дар фурудгоҳи ба номи Индира Гандӣ боздошт шудааст.
#CISF nabbed a foreign passenger namely Mr Sultonmurod Azamov (Tajikistan National) with Sandal wood weighing about 62.5 kg @ IGI Airport, New Delhi. Passenger was handed over to customs officials pic.twitter.com/S4yczvqLRz
— CISF@India (@CISFHQrs) 14 января 2019 г.
Сандал дарахти ҳамешасабзе мебошад, ки дар кишварҳои гарм рӯида, чӯби он бӯи хуш ва хосияти давоӣ дорад.
Ба иттилои мақомоти Ҳинд, Азамов қасди парвоз аз Деҳлӣ ба Алматои Қазоқистонро доштааст, аммо аснод барои интиқоли чӯбпораҳои сандалро надоштааст.
Манбаъ афзуд, ки қазия барои баррасии минбаъда ба мақомоти гумрук супорида шудааст.