ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе борон ва барф меборад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боридани борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони шиддатнок ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6, инчунин то 10-12 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, инчунин то 13-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борони бошиддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона -4+1 ва рӯзона -2+3 дараҷа гарм мешавад.