Моҳсира, ки бо рақсҳои шарқиёнааш дар шабакаи интернет шинохта шудааст, бо рақси солинавӣ зери навои "Jingle Bells"-и шарқӣ мухлисонашро бо Соли нав шодбош гуфтааст. Оҳанги "Jingle Bells"-и амрикоӣ дар навори нашркардаи Моҳсира бо созҳои шарқӣ иҷро ва бандубаст шудааст.
Моҳсира рақси солинавиро бо либоси миллии тоҷикӣ – куртаи атлас ва тоқии бадахшонӣ иҷро кардааст.
Ҳунарнамоии Моҳсираро тайи рӯзҳои аввали нашраш дар интернет даҳҳо ҳазор нафар тамошо карда, садҳои дигар писандида, бознашр кардаанд.