Дар марзи Узбакистону Тоҷикистон гузаргоҳи “Боботоғ” кушода мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевЖители Узбекистана пересекают границу с Таджикистаном на КПП Патар, архивное фото
Жители Узбекистана пересекают границу с Таджикистаном на КПП Патар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тахмин меравад, ки гузаргоҳи “Боботоғ” Ҳисори Тоҷикистонро бо Сари Осиёи Узбакистон мепайвандад

ДУШАНБЕ, 11 янв - Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳи нав бо номи “Боботоғ” кушода ба истифода дода мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Чихеле, ки ҳукумати Тоҷикистон шарҳ додааст, созишнома дар бораи кушода ба истифода додани гузаргоҳи нав дар ин минтақаи марзи ду кишвар, ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон ва мулоқоти ӯ бо Шавкат Мирзиёев дар моҳи августи соли гузашта сурат гирифта будааст.

Тахмин меравад, ки гузаргоҳи “Боботоғ” Ҳисори Тоҷикистонро ба Сари Осиёи Узбакистон мепайвандад. "Боботоғ" гузаргоҳи байналмилалӣ набуда танҳо барои рафтуомад ва гузаронидани молу колои шаҳрвандони ҳарду кишвар хизмат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи марти соли гузашта, дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳи роҳи оҳани “Амузанг” ба фаъолият шуруъ намуд, ки вилояти Сурхандарёи Узбакистонро ба вилояти Хатлони Тоҷикистон пайваст.

Акнун ба воситаи ин гузаргоҳ қаторҳои боркашу мусофиркаш аз Тоҷикистон ба Узбакистон ва баракс ҳаракат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0