ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ахиран сафири Тоҷикистон дар Ироқ Зубайдзода Зубайдулло бо Муҳаммад ал-Ғассон, Сардори раёсати ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ироқ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот тарафҳо ба роҳ мондани ҳамкориҳои ниҳодҳои ҳуқуқии Тоҷикистону Ироқ ва масъалаи баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон ба Ватан ва поин бурдани қимати ҷарима барои ноболиғон мавриди барраси қарор гирифт.
Ёдрас мешавем, ки Зубайдулло Зубайдзода ахиран эълон карда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки дар шаш моҳи аввали имсол ҳудуди сад кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба ватан баргардонад.
Зубайдулло Зубайдзода – сафири Тоҷикистон дар Кувайт – ҳамзамон ба ҳайси намояндаи расмии кишвар дар Ироқ ба кор шурӯъ кард ва рӯзи 7-уми январи соли равон дар шаҳри Бағдод ба Вазири корҳои хориҷии он кишвар ҷаноби Муҳаммад Алӣ ал-Ҳаким эътимоднома супурд.