Таҳдид ва телефонрабоӣ: се тоҷик як амрикоиро ғорат намуданд

CC BY 2.0 / *sax / Caught in the ActВор, архивное фото
Вор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази шаҳри Санкт-Петербург се тоҷик як амрикоиро аввал таҳдид намуда, баъдан телефонашро рабуданд

ДУШАНБЕ, 11 янв - Sputnik. Дар маркази пойтахти шимолии Русия се зодаи Тоҷикистон як амрикоиро ғорат намуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Невские новости”.

Ҳодиса рӯзи 10-уми январ дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи марказӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Ба маълумоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шабона муҳоҷирони тоҷик амрикоиро аввал таҳдид намуда, баъдан телефони мобилиашро гирифтаанд.

Дар ин ҳол ба ғоратгарон муяссар нашудааст, ки аз ҷои ҳодиса дур гурезанд ва пулис онҳоро дар назди бинои №56 хиёбони Литейний боздошт намудааст.

Тасдиқ шудааст, ки ғоратгарон шаҳрвандони 21,22 ва 23-солаи Тоҷикистон будаанд. Маълум шудааст, ки муҳоҷирон кор намекардаанд ва пештар ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Пулис аз ғоратгарон телефонро бозпас гирифтааст. Ҳоло нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0