Ҷазои 4 варзишгари Тоҷикистон барои истифодаи допинг

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкЛекарственный препарат мельдоний, запрещенный Всемирным антидопинговым агентством
Лекарственный препарат мельдоний, запрещенный Всемирным антидопинговым агентством - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҷаҳонии зидди допинг 4 варзишгари Тоҷикистонро барои истифодаи доруҳои мамнуъ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ба муҳлати аз 2 то 4 сол маҳрум кард

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудааст, ки истифодаи допинг аз ҷониби 4 варзишгари маҳкумшуда дар соли 2018 ошкор шудааст.

Сборная Таджикистана по футзалу проиграла Турции в первом товарищеском матче - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Туркия 1:6 шикаст хӯрд

“Чор варзишгари мо - 2 нафар аз намуди вазнбардорӣ, якнафарӣ аз намудҳои ҷудо ва самбо барои истифодаи доруҳои мамнуъ аз ҷониби Агентии ҷаҳонии зидди допинг маҳкум ва аз 2 то 4 сол аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум гардиданд”, - иттилоъ додаастКумита.

Манбаъ афзуд, ки барои мубориза бо ин амали нанговар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳафтаи равон семинари омӯзишӣ баргузор карданд.

“Ба семинар мураббиёни мактабҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ҷалб гардида, оид ба допинг, оқибатҳои истифода он, муҳлатҳои ҷазо барои истифодаи допинг, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба допинг ва ғайра донишҳои худро пурра намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Тоҷикистон аз 11 августи соли 2011 ба Конвенсияи байналмилалии зидди допинг ҳамроҳ мебошад.

Ожонси ҷаҳонии зидди допинг соли 1999 таъсис ёфта, варзиши одилонаро таблиғ менамояд. Ожонси ҷаҳонии зидди допинг феълан а 5 маркази қитъавӣ дорад ва ҳар сол то 320000 варзишгарро аз ташхис мегузаронад.

Лентаи хабарҳо
0