Ғорати донишҷӯи хориҷии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуруҳи ғоратгарон 26-уми декабри соли 2018 дар деҳаи Сомони ноҳияи Рӯдакӣ ба Охун Муратов, шаҳрванди Туркманистон дарафтода, дар пайи латукӯб ҳамёнашро гирифта, фирор намудаанд.

Строитель из Китая удивил сети невероятным танцем — видео - Sputnik Тоҷикистон
Пайравӣ ба Майкл Ҷексон бинокореро машҳур кард - Навор

Ба иттилои манбаъ, ҷабрдида донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, ҳамлагарон аз ӯ 700 доллари амрикоӣ, 70 сомонӣ ва як корти пластикиро ситондаанд.

ВУД афзуд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 5 ҷавони муттаҳам боздошт гардиданд. Манбаъ дар феҳрасти боздоштшудаҳо Афзалшоҳи Маҳмурод, сокини ноҳияи Данғара, Насриддини Зафархон, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Муродов Шоҳин, Мирзоев Суҳайлӣ ва Бадалов Руслан, сокинони шаҳри Душанберо ном бурда, таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0