“Тоҷик Эйр” кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод

© Фото : Сайт авиакомпании "Таджик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Азиз Хайрулоев, сухангӯи ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” эълон намудааст, ки ширкат бо мақсади коҳиши ҳазинаҳо бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод.

Ба гуфтаи вай, мо умедворем, ки дар ояндаи наздик вазъ тағйир меёбад ва мо боз парвозҳои худро дар хатсайрҳо идома медиҳем.

Азиз Хайруллоев таъкид намудааст, ки ба сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст.

Ёдрас мешавем, ки ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”, яке аз ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад, ки рӯзи 4-уми январи соли равон парвози ҳавопаймоҳояшро ба шаҳрҳои Русия ва кишварҳои дигар қатъ кард.

Мусофирони ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”-ро дар мавсими тирамоҳ ва зимистони имсола ба самти Русия, ҳавопаймоҳои ширкати хусусии “Сомон Эйр” интиқол медиҳад.

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 4-уми январ гуфт, барои интиқоли мусофирон миёни ширкати Тоҷик Эйр”  ва “Сомон Эйр” тавофуқ ҳосил шудааст.

 “Ҷиҳати интиқоли мусофирони “Тоҷик Эйр” ба Россия бо ширкати “Сомон Эйр” тавофуқ ҳосил шудааст. Ин пешниҳод танҳо ба мусофирони хатсайрҳои самти Русия дахл дорад", - таъкид намудааст вай.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мусофирони "Тоҷик Эйр"-ро ба Русия ширкати "Сомон Эйр" мебарад

Пас аз Соли нав чанде аз парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба муҳлати номуайян гузошта шуд. Он вақт сабаби ба муҳлати номуайян гузоштани парвозҳоро ба тағйир ёфтани хатсайрҳо марбут дониста буданд.

Инчунин мусофирон аз ширкати “Тоҷик Эйр” шикоят мекарданд, ки бинобар сабабҳои номаълум муҳлати парвози онҳо ба дигар рӯзҳо гузошта мешаванд ва онҳо дучори мушкилиҳо шудаанд..

Дар ҳоли ҳозир ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” ба самтҳои Ҳиндустон, Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Русия  парвоз мекунанд. Ҳамчунин, парвозҳои дохилӣ ба самти Хуҷанд ва Хоруғ низ ба роҳ монда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0