Сарам дар осмон: намоҳанги нахустини Қадами Қурбон то Наврӯз пешниҳод мешавад - видео

© Pixabay / StockSnapКонцерт, архивное фото
Концерт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қадами Қурбон, овозхони тоҷик, то ҷашни Наврӯз намоҳанги нахустини худро пешниҳоди мухлисон мекунад

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Дар ин бора Ҷонибек Муродов, овозхони дигари тоҷик бо нашри як навори муштарак бо Қадами Қурбон иттилоъ дод.

Ҷонибек Муродов гуфт, Қадами Қурбон пешниҳоди ҳамкорӣ ва таҳияи клипро қабул кардааст ва то Наврӯз намоҳанг пешниҳоди омма мегардад.

Қадами Қурбон дар навори нашршуда бо изҳори миннатдорӣ афзуд, ки сараш ба осмон расидааст ва кӯшиш мекунад дар ҳамкорӣ бо Ҷонибек Муродов сурудҳои тозаю дилчаспро пешниҳод кунад.

Ҳунраманд Ҷонибек Муродов - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаводорони Қадами Қурбон меафзоянд: Ҷонибек Муродов ӯро ба Душанбе даъват кард

“Мо бе мухлисон ҳечем. Ҳама вақт сарбаланд, хонаатон обод, ранги мо гирди ҳам бошед. Ба маъракаҳо даъват кунед ва мо дар хизматем”, - изҳор дошт Қадами Қурбон.

Пештар Ҷонибек Муродов изҳор дошта буд, ки мусоҳибаи ахири Қадами Қурбон ба вай писанд омад.

"Вақте ба ӯ савол доданд, ки барои чӣ шумо клип сабт намекунед, ӯ гуфт, ки шароити клип сабт карданро надорад. Барои ҳамин ман аз номи худам ва аз номи ширкати JM мехоҳам ба Қадами Қурбон як клип ҳадя кунам", - изҳор дошта буд Муродов.

Қадами Қурбон бо овозхонӣ дар маъракаҳои мардум маъруф шуда, наворҳои ҳунарнамоияш дар интернет аз сертамошобинҳо мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0